[Бо вуҷуди ин оёти равшан] бархе аз мардум ҳамтоёни ғайр аз Аллоҳро [барои парастиш] бармегузинанд ва онҳоро ҳамчун Аллоҳ таоло дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд ва онон, ки [бо ширку иртикоби гуноҳон] ситам карданд, ҳангоме ки азоби [қиёмат] – ро бубинанд, [хоҳанд донист], ки тамоми қудрат аз они Аллоҳ таоло аст ва ин ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
165. Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дӯст медоранд, ки гӯё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дӯстии Аллоҳ аз дӯстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мӯъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд. Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ӯ сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/79
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/79
الترجمة الطاجيكية
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادٗا يُحِبُّونَهُمۡ كَحُبِّ ٱللَّهِۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَشَدُّ حُبّٗا لِّلَّهِۗ وَلَوۡ يَرَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِذۡ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ أَنَّ ٱلۡقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعٗا وَأَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعَذَابِ
Баъзе аз мардум Худоро шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро чунон дӯст медоранд, ки гӯё Худоянд. Вале онон, ки имон овардаанд, Худоро бештар дӯст медоранд. Ва он гоҳ, ки ин ситампешагон азобро бубинанд, дарёбанд, ки ҳамаи қудрат аз они Худост. Албатта Худо ба сахтӣ уқубат мекунад!
Tajik - Tajik translation