Паёмбарашон ба онҳо гуфт: Нишонаи [ростӣ ва дурустии] фармонравоии ӯ, ин аст, ки тобути аҳд бароятон мерасад, ки мояи оромише аз сӯйи Парвардигоратон мебошад ва дарунаш бозмондаи мероси хонадони Мӯсо ва Ҳорун [ҳамчун асо ва бархе алвоҳи Таврот] қарор дорад ва дар ҳоле мерасад, ки фариштагон онро бардоштаанд. Агар муъмин бошед, мусалламан дар ин [амр] нишонае [дар мавриди ҳаққонияти Толут] бароятон вуҷуд дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
248. Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшоҳии ӯ ин аст, ки ба шумо сандуқе меояд, ва ин сандуқ ба дасти душманон афтода буд. Дар он Таврот ва оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст, монанди асо ва пораҳое аз Таврот, ки фариштагон онро мебардоранд.
Ин барои шумо ибратест. Агар мӯъмин бошед, Толутро ба амри Аллоҳ ба подшоҳӣ ихтиёр кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1\300 ва Тафсири Ибни Касир 1\667
Ин барои шумо ибратест. Агар мӯъмин бошед, Толутро ба амри Аллоҳ ба подшоҳӣ ихтиёр кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1\300 ва Тафсири Ибни Касир 1\667
الترجمة الطاجيكية
وَقَالَ لَهُمۡ نَبِيُّهُمۡ إِنَّ ءَايَةَ مُلۡكِهِۦٓ أَن يَأۡتِيَكُمُ ٱلتَّابُوتُ فِيهِ سَكِينَةٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَبَقِيَّةٞ مِّمَّا تَرَكَ ءَالُ مُوسَىٰ وَءَالُ هَٰرُونَ تَحۡمِلُهُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Пайғамбарашон гуфт, ки нишони подшохии ӯ ин аст, ки сандуқе, ки оромии дил аз Парвардигоратон ва боқии мероси хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун дар он аст ва фариштагонаш мебардоранд, назди шумо ояд. Агар мӯъмин бошед, ин барон шумо ибратест.
Tajik - Tajik translation