Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Эй қавми ман, шумо бо интихоби гӯсола [барои парастиш] ба худ ситам кардаед, пас, ба сӯйи Офаридгори худ бозгардед ва тавба кунед ва [хатокорони] худро бикушед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст". Он гоҳ Аллоҳ таоло тавбаи шуморо пазируфт. Ба ростӣ, ки Ӯ тавбапазиру меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
54. Ва неъматеро, ки ба шумо арзонй намудам, ба ёд оваред; вақте ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба сабабе, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед ва якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст аз ҷовид мондан дар дӯзах». Пас шумо чунин амрро ба ҷо овардед, Аллоҳ тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ إِنَّكُمۡ ظَلَمۡتُمۡ أَنفُسَكُم بِٱتِّخَاذِكُمُ ٱلۡعِجۡلَ فَتُوبُوٓاْ إِلَىٰ بَارِئِكُمۡ فَٱقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ عِندَ بَارِئِكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
Ва он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба он сабаб, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба куне два якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст». Пас Худо тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.
Tajik - Tajik translation