Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро, ки гуфтем: "Ба ин шаҳр [Байт-ул-муқаддас] ворид шавед ва аз [неъматҳои] он, аз ҳар ҷо [ва ҳар вақт], ки хостед, бихӯред ва бо фурӯтанӣ аз дарвоза ворид шавед ва бигӯед: "[Парвардигоро, гуноҳонамонро] фурӯ рез". [Чунин бигӯед] То гуноҳонатонро биёмурзем ва [яқинан] бар [подоши] накукорон хоҳем афзуд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
58. Ва ба ёд оред он неъматеро, ки ба шумо арзонӣ намудем ва гуфтем, ки: «Ба ин шаҳр (Байтулмуқаддас)(1) дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихуред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигуед: «Парвардигоро! Гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмӯрзем ва ба подоши некукорон бияфзоем.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/98
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/98
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قُلۡنَا ٱدۡخُلُواْ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةَ فَكُلُواْ مِنۡهَا حَيۡثُ شِئۡتُمۡ رَغَدٗا وَٱدۡخُلُواْ ٱلۡبَابَ سُجَّدٗا وَقُولُواْ حِطَّةٞ نَّغۡفِرۡ لَكُمۡ خَطَٰيَٰكُمۡۚ وَسَنَزِيدُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Ва ба ёд оред он замонро, ки ба шумо гуфтем: «Ба ин қария дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихӯред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигӯед: «Боре гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмурзем ва ба подоши некӯкорон бияфзоем.
Tajik - Tajik translation