[Мӯсо] гуфт: "Вай мефармояд: "Он гове аст на чунон ром, ки заминро ҷуфт кунад ва ё киштзорро об диҳад, [аммо] беайб асту якранг ва дар он ҳеҷ ранги дигаре нест". Онон гуфтанд: "Инак сухани дуруст овардӣ". Сипас [чунон говеро пайдо карданд ва] онро сар буриданду [албатта] наздик буд, ки ин корро накунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
71. Мӯсо барояшон гуфт: «Аллоҳ мефармояд: «ки вай гови меҳнаткаш нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштзорро об диҳад. Беайбу нуқсон асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас баъди пурсуҷӯи бисёр онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд. Инчунин буд, ки бар худ машаққат карданд, Аллоҳ бар онҳо машаққат овард.
الترجمة الطاجيكية
قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٞ لَّا ذَلُولٞ تُثِيرُ ٱلۡأَرۡضَ وَلَا تَسۡقِي ٱلۡحَرۡثَ مُسَلَّمَةٞ لَّا شِيَةَ فِيهَاۚ قَالُواْ ٱلۡـَٰٔنَ جِئۡتَ بِٱلۡحَقِّۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُواْ يَفۡعَلُونَ
Гуфт: «Мегӯянд: «Аз он говон нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштаро об диҳад. Беайб асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд.
Tajik - Tajik translation