Ва ҳангоме ки аз тарафи Аллоҳ таоло китобе [Қуръон] барои онон омад, ки тасдиқкунандаи матолибе буд, ки бо худ доштанд [Таврот] ва [ба интизор расидани ин китоб] аз қабл ба худ навиди пирӯзӣ бар кофиронро медоданд, бо ин ҳама вақте он касеро, ки аз пеш шинохта буданд [Муҳаммад], наздашон омад, инкораш карданд. Лаънати Аллоҳ таоло бар кофирон бод!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
89. Ва чун онҳоро аз ҷониби Аллоҳ китоби Қуръон омад, ки тасдиқкунандаи китоби онон (Таврот) буд, онро инкор карданд ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро низ инкор карданд. Ва ҳол он ки онҳо пеш аз ин бар мушрикони араб пирӯзӣ металабиданд ва мегуфтанд: Биъсати паёмбари охири замон наздик омад ва мо пайрави ӯ шуда, ҳамроҳи ӯ бо шумо меҷангем.
Вақте ки паёмбар омад, ӯро шинохтанд, сифот ва сидқи ӯро донистанд, ӯро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) (1) куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/337
Вақте ки паёмбар омад, ӯро шинохтанд, сифот ва сидқи ӯро донистанд, ӯро мункир шуданд. Пас лаънати Аллоҳ бар ҳар касе, ки ба Паёмбари охири замон Муҳаммад (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам) (1) куфр меорад ва китобашро тасдиқ намекунад!
____________________
1. Тафсири Табарӣ 2/337
الترجمة الطاجيكية
وَلَمَّا جَآءَهُمۡ كِتَٰبٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٞ لِّمَا مَعَهُمۡ وَكَانُواْ مِن قَبۡلُ يَسۡتَفۡتِحُونَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَلَمَّا جَآءَهُم مَّا عَرَفُواْ كَفَرُواْ بِهِۦۚ فَلَعۡنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Ва чун онҳоро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки з-он пеш хостори пирӯзи бар кофирон буданд, ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон буд!
Tajik - Tajik translation