Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
24. Оё ин мушрикон ғайр аз Ӯ (Аллоҳи барҳақ) маъбудоне гирифтаанд, ки на фоида меоранд ва на зарар ва на зинда мегардонанд ва намемиронанд? Бигӯ эй Паёмбар: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд аз умматони ман ва сухани касоне, ки пеш аз ман будаанд аз умматони гузашта», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва аз рӯи ҷаҳолат ва тақлид ширк меоранд, пас аз он рӯй мегардонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\337
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 5\337
الترجمة الطاجيكية
أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡۖ هَٰذَا ذِكۡرُ مَن مَّعِيَ وَذِكۡرُ مَن قَبۡلِيۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡحَقَّۖ فَهُم مُّعۡرِضُونَ
Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд.
Tajik - Tajik translation