[Эй муъминон] Оё чун ба шумо [дар ҷанги Уҳуд] мусибате расид – [бо он ки дар ҷанги Бадр] ду баробарашро [ба душманони худ] расондед – гуфтед: "Ин [мусибат] аз куҷо [ба мо] расид"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Он [шикаст] аз ҷониби худатон [ва натиҷаи нофармонӣ аз дастури паёмбар] аст". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар коре тавоност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
165. Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед. Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хӯрдем? Бигу:
Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ӯ бар ёрӣ карданатон тавоно аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/156
Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ӯ бар ёрӣ карданатон тавоно аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/156
الترجمة الطاجيكية
أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَدۡ أَصَبۡتُم مِّثۡلَيۡهَا قُلۡتُمۡ أَنَّىٰ هَٰذَاۖ قُلۡ هُوَ مِنۡ عِندِ أَنفُسِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Албатта Худо бар ҳар чизе тавоност!
Tajik - Tajik translation