Оё [бутҳое, ки маъбуди худ медонед] пойҳое доранд, ки бо онҳо роҳ бираванд ё дастҳое доранд, ки бо онҳо [ёриатон диҳанд ва аз шумо] дифоъ кунанд? Оё чашмоне доранд, ки бо онҳо бубинанд ё гӯшҳое доранд, ки бо онҳо бишнаванд? [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Шариконатонро бихонед, сипас [алайҳи ман] тадбир [-у найранг] кунед ва маро муҳлат надиҳед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
195. Оё он бутҳоро пойҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он бигиранд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гӯшҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Пас маъбудоне, ки шумо парастиш мекунед, чунин чизҳо дар онҳо вуҷуд дошта набошад, онҳоро ибодат кардани шумо барои чист? Бигӯ эй Расул, барои ин мушрикон: «Шариконатонро бихонед ва бар зидди ман макр кунед ва маро мӯҳлат мадиҳед, балки ба он шитобед. Зеро сарпарасти ман Аллоҳ аст, ки маро сарпарастӣ менамояд(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/312
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/312
الترجمة الطاجيكية
أَلَهُمۡ أَرۡجُلٞ يَمۡشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَيۡدٖ يَبۡطِشُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ أَعۡيُنٞ يُبۡصِرُونَ بِهَآۖ أَمۡ لَهُمۡ ءَاذَانٞ يَسۡمَعُونَ بِهَاۗ قُلِ ٱدۡعُواْ شُرَكَآءَكُمۡ ثُمَّ كِيدُونِ فَلَا تُنظِرُونِ
Оё онҳоро поҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он ҳамла кунанд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гушҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатро бихонед ва бар зидди ман тадбир кунед ва маро мӯҳлат надиҳед.
Tajik - Tajik translation