Эй фарзандони Одам, [огоҳ бошед, ки] шайтон шуморо нафиребад, чунончи падару модаратонро аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон [берун] кашид, то шармгоҳашонро ба онон нишон диҳад. Бе тардид, ӯ ва гурӯҳаш аз ҷойе, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ба ростӣ, ки Мо шаётинро дӯстони касоне қарор додаем, ки имон намеоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
27. Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд.
الترجمة الطاجيكية
يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ لَا يَفۡتِنَنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ كَمَآ أَخۡرَجَ أَبَوَيۡكُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ يَنزِعُ عَنۡهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوۡءَٰتِهِمَآۚ إِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡۗ إِنَّا جَعَلۡنَا ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ
Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон, ки падару модаратонро аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон канд, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ӯ ва қабилааш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.
Tajik - Tajik translation