Эй фарзандони Одам, ҳангоми рафтан ба масҷид [ва дар ҳар намозе] зинати худро баргиред [ва либоси шоиста бипӯшед] ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло исрофкунандагонро дӯст намедорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
31. Эй фарзандони Одам, дар вақти ҳар намоз либоси худ бипӯшед ва худро зиннат диҳед. Ва низ бихӯреду биёшомед аз он чизҳои поке, ки Аллоҳ ба шумо додааст, вале исроф макунед, ки ҳамоно Аллоҳ исрофкоронро дӯст намедорад.(1)
____________________
1. Аллоҳ дар ин оят амр кардааст ба хурдану ошомидан ва манъ кардааст аз исрофкорӣ. Тафсири Саъдӣ 1/ 287
____________________
1. Аллоҳ дар ин оят амр кардааст ба хурдану ошомидан ва манъ кардааст аз исрофкорӣ. Тафсири Саъдӣ 1/ 287
الترجمة الطاجيكية
۞يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ خُذُواْ زِينَتَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ وَلَا تُسۡرِفُوٓاْۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.
Tajik - Tajik translation