Бигӯ: «Парвардигорам зишткориҳо, чи ошкор [бошад] ва чи пинҳон ва гуноҳу ситами ноҳақро ҳаром намудааст ва ин ки чизеро шарики Аллоҳ таоло бидонед, ки далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва инки чизеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
33. Бигӯ (эй Паёмбар барои инҳо мушрикон): «Ҳамоно Парвардигори ман, зишткориҳоро (гуноҳони кабираро), чи ошкор бошанд бо бадан ва чи пинҳон дар дил аз кибру худнамоӣ ва низ зулму аз ҳад гузаронии ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром кардааст, чизеро шарики Аллоҳ созед, ки ҳеҷ далеле бар шарик овардани он нозил нашудааст ё дар бораи Аллоҳ (дар номҳо ва сифатҳояш) чизҳое бигӯед, ки намедонед. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/287
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/287
الترجمة الطاجيكية
قُلۡ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ ٱلۡفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنۡهَا وَمَا بَطَنَ وَٱلۡإِثۡمَ وَٱلۡبَغۡيَ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَأَن تُشۡرِكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Бигӯ: «Парвардигори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед.
Tajik - Tajik translation