[Фариштагон] Ба онҳо мегӯянд: «Дар байни гурӯҳҳое аз ҷин ва инс, ки пеш аз шумо [кофиру гумроҳ] буданд, дар оташ [-и дузах] ворид шавед». Ҳар гоҳ гурӯҳе ворид мешаванд, гурӯҳи дигарро лаънат мекунанд, то ҳангоме ки [саранҷом] ҳамагӣ дар онҷо ба ҳам мерасанд. Пайравони [фиребхӯрдаи] онҳо дар бораи раҳбаронашон мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд, ки моро гумроҳ карданд. Пас, азоби дучанд аз оташ ба онон бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Барои ҳар кадом [аз шумо азоби] дучанд аст, вале намедонед»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
38. Гӯяд (Аллоҳ ба мушрикон): «ҳамроҳи умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳаммонанди худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро дар дунё гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд (Аллоҳ): «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!» (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/228
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 3/228
الترجمة الطاجيكية
قَالَ ٱدۡخُلُواْ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِكُم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ فِي ٱلنَّارِۖ كُلَّمَا دَخَلَتۡ أُمَّةٞ لَّعَنَتۡ أُخۡتَهَاۖ حَتَّىٰٓ إِذَا ٱدَّارَكُواْ فِيهَا جَمِيعٗا قَالَتۡ أُخۡرَىٰهُمۡ لِأُولَىٰهُمۡ رَبَّنَا هَـٰٓؤُلَآءِ أَضَلُّونَا فَـَٔاتِهِمۡ عَذَابٗا ضِعۡفٗا مِّنَ ٱلنَّارِۖ قَالَ لِكُلّٖ ضِعۡفٞ وَلَٰكِن لَّا تَعۡلَمُونَ
Гӯяд: «Ба миёни умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамдини худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»
Tajik - Tajik translation