Ӯст, ки пешопеши [борони] раҳматаш бодҳоро башоратбахш мефиристад, то абрҳои сангинборро [бар дӯш] кашанд [ва] онро ба сӯйи замини [хушку] мурда мефиристем,он гоҳ бар он [сарзамин] об фурӯ меборем ва [аз баракати] он [об] ҳар гуна мевае бармеоварем. Ба ин сон, мурдагонро [низ аз қабр] хориҷ месозем, бошад, ки панд гиред
الترجمة الطاجيكية - عارفي
57. Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ (1) бодҳоро ба башорат мефиристад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо он абрро ба сарзаминҳои мурда (аз беобӣ) равон созем ва аз он борон мефиристем ва бо борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Чунон ки замини мурдаро бо оби борон зинда мегардонем, мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!
____________________
1. Яъне пеш аз боридани борон
____________________
1. Яъне пеш аз боридани борон
الترجمة الطاجيكية
وَهُوَ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦۖ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَقَلَّتۡ سَحَابٗا ثِقَالٗا سُقۡنَٰهُ لِبَلَدٖ مَّيِّتٖ فَأَنزَلۡنَا بِهِ ٱلۡمَآءَ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ كَذَٰلِكَ نُخۡرِجُ ٱلۡمَوۡتَىٰ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро хушхабар мефирстад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо онро ба сарзаминҳои мурда равон созем ва аз он борон мефиристем ва ба борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!
Tajik - Tajik translation