ترجمة سورة الماعون

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الماعون باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меангорад, дидаӣ?
Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад
Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад
Пас, вой бар намозгузорон!
Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд
Касоне, ки худнамоӣ мекунанд
Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд
Icon