Бисёре аз аҳли китоб пас аз ин, ки ҳақ барояшон ошкор гардид, ба хотири ҳасодате, ки дар вуҷудашон аст, орзу доранд, ки шуморо баъд аз имонатон ба ҳоли куфр бозгардонанд. Пас, шумо авф кунед ва [аз эшон] даргузаред, то Аллоҳ таоло фармони хешро [барои ҷиҳод бо онон] содир намояд. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
109. Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!
الترجمة الطاجيكية
وَدَّ كَثِيرٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِكُمۡ كُفَّارًا حَسَدٗا مِّنۡ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلۡحَقُّۖ فَٱعۡفُواْ وَٱصۡفَحُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦٓۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед то Худо фармонашро биёварад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност!
Tajik - Tajik translation