Касоне, ки китоби осмонӣ [Таврот ва Инҷил] ба онҳо додаем [ва] онро чунон, ки шоистааст мехонанд, ба [матолиби] он [ки дар бораи ҳаққонияти Муҳаммад ва рисолаташ мебошад] имон меоваранд; ва касоне, ки ба ӯ [ва оинаш] кофир шаванд, онон зиёндидагонанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
121. Касоне, ки аз яҳудиён ва насрониён ба онон китоби Тавротро додаем ва ончунон, ки лоиқ аст, онро мехонанд ва ба тамоми фармудаи он пайравӣ мекунанд ва ба ҷамиъи паёмбарон имон меоранд ва хусусан ба паёмбари охир замон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст,(1) имон меоранд. Аммо онон, ки баъзе китобро тағйиру табдил доданд ва баъзе аз оёташро пинҳон карданд.
Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/404
Ин касон ба Паёмбар Муҳаммад (саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба он чи ба ӯ фуруд оварда шудааст, кофир ҳастанд. Онҳо дар назди Аллоҳ аз сахттарин зиёнкорон ҳастанд.
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 1/404
الترجمة الطاجيكية
ٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَتۡلُونَهُۥ حَقَّ تِلَاوَتِهِۦٓ أُوْلَـٰٓئِكَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
Касоне, ки китобашон додаем ва ончунон, ки сазовор аст, онро мехонанд, ба он имон доранд ва онон, ки ба он имон надоранд, зиёнкорон ҳастанд.
Tajik - Tajik translation