Рӯзҳои муайян [-ро рӯзадорӣ кунед], пас, ҳар кас аз шумо, ки бемор ё мусофир бошад, [ба андозаи он рӯзҳое, ки натавонистааст рӯза бигирад] теъдоде аз рӯзҳои дигар [-ро рӯза бигирад] ва бар касоне, ки тавоноии онро надоранд, лозим аст каффора бидиҳанд [ва он ба баробари ҳар рӯз] хӯрок додан ба як тиҳидаст аст ва ҳар ки ба майли худ [бештар] накуӣ кунад, он [афзунбахшӣ ба суди ӯст ва] барояш беҳтар аст ва агар [фазилати рӯзадориро] бидонед, рӯза бароятон беҳтар [аз ифтор ва пардохти каффора] аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
184.Рӯзҳои башумор(1) рӯза доштанаш бар шумо фарз шудааст. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад ва рӯзадорӣ ба ӯ вазнинӣ кунад, пас рӯзаашро бихӯрад ба ҳамон ададе, ки рӯзаашро хӯрд аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии рӯзаро надоранд, монанди пирсолон, бемороне, ки умеди шифоро надоранд
ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд, яъне фидя(2) бидиҳанд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст. Ва рӯза бароятон беҳтар аст, гарчанде бо машаққат бошад аз фидя додан, агар шумо манзалати бузургии рӯзаро дар назди Аллоҳи таъоло медонистед.(3)
____________________
1. Моҳи рамазон
2. Фидя, иборат аз хӯроки як камбағал аст
3. Тафсири Бағавӣ 1 \ 197
ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд, яъне фидя(2) бидиҳанд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст. Ва рӯза бароятон беҳтар аст, гарчанде бо машаққат бошад аз фидя додан, агар шумо манзалати бузургии рӯзаро дар назди Аллоҳи таъоло медонистед.(3)
____________________
1. Моҳи рамазон
2. Фидя, иборат аз хӯроки як камбағал аст
3. Тафсири Бағавӣ 1 \ 197
الترجمة الطاجيكية
أَيَّامٗا مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ فَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥۚ وَأَن تَصُومُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Рӯзҳое башумор. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии он надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред.
Tajik - Tajik translation