Наздик аст, ки барқ чашмонашонро бирабояд, ҳар гоҳ ки [барқ мезанад ва роҳро] бар онон равшан месозад, гоме дар [партави] он бармедоранд ва чун торикӣ ононро фаро гирад, [ҳайратзада] бозмеистанд; ва агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шунавоӣ ва биноиашонро аз байн мебарад, зеро Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
20. Наздик аст, ки барқ чашмҳояшонро бирабояд; ҳар гоҳ барқ ба онҳо равшанӣ диҳад, дар он равшанӣ роҳ раванд; ва чун роҳро бар онҳо торик кунад, биистанд. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳароина шунавоӣ ва биноиҳои онҳоро мебурд. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ дар ҳама вақт бар ҳама чиз тавоно аст.
الترجمة الطاجيكية
يَكَادُ ٱلۡبَرۡقُ يَخۡطَفُ أَبۡصَٰرَهُمۡۖ كُلَّمَآ أَضَآءَ لَهُم مَّشَوۡاْ فِيهِ وَإِذَآ أَظۡلَمَ عَلَيۡهِمۡ قَامُواْۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمۡعِهِمۡ وَأَبۡصَٰرِهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Наздик бошад, ки барқ дидагонашонро нобино созад. Хар гоҳ равшан шавад, чанд қадаме бармедоранд ва чун хомуш шавад, аз рафтан бозистанд. Агар Худо мехост, гушҳояшонро кару чашмонашонро кур месохт, ки ӯ ба ҳар коре тавоност!
Tajik - Tajik translation