Аллоҳро дар рӯзҳои муайян [се рӯзи айёми ташриқ ёздаҳум то сенздаҳуми Зулҳиҷҷа] ёд кунед; пас, касе, ки шитоб кунад ва тайи ду рӯз [аъмолро анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест; ва касе, ки таъхир кунад [ва аъмолро дар се рӯз анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест. [Ин фурсат] Барои касе аст, ки тақво пеша кунад; ва [эй муъминон] аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки ба сӯйи Ӯ ҳашр хоҳед шуд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
203. Аллоҳро дар рӯзҳои бошумор яъне, айёми ташриқ: рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва сенздаҳуми даҳаи моҳи зулҳиҷҷа ёд кунед. Ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад ва аз Мино қабл аз ғуруби офтоби рӯзи дувоздаҳум, баъд аз рамйи ҷимор (1) гуноҳе бар вай нест; ва ҳар кӣ таъхир кунад, шаб бимонад дар Мино ва рӯзи сенздаҳум рамйи ҷимор кунад, пас гуноҳе нест мар касеро, ки дар ҳаҷи худ тақворо пешаи худ гирифт. Лекин таъхир кардан афзалтар аст. Зеро он тӯшаест дар ибодат ва иқтидо ба феъли Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Аз Аллоҳ битарсед, эй мусалмонон, ва дар амалҳои хеш муроқибат намоед ва бидонед, ки барои ҳисобу ҷазо ҳамагон ба пешгоҳи Ӯ гирд меоед! (2)
____________________
1. Бо санг задани шайтон дар ҷои махсус, дар Мино 2. Тафсири Саъдӣ 1/93
____________________
1. Бо санг задани шайтон дар ҷои махсус, дар Мино 2. Тафсири Саъдӣ 1/93
الترجمة الطاجيكية
۞وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن تَعَجَّلَ فِي يَوۡمَيۡنِ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِ وَمَن تَأَخَّرَ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۖ لِمَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ
Худовандро дар рӯзҳое чан дёд кунед ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад, содиркунандаи гуноҳе нашудааст. Ҳар парҳезгоре ҳам, ки таърих кунад, гуноҳе накардааст. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки ҳамагон ба пешгоҳи Вай гирд меоед!
Tajik - Tajik translation