Зиндагии дунё барои кофирон ороста шудааст ва муъминонро масхара мекунанд, ҳол он ки парҳезкорон дар рӯзи қиёмат болотар аз онон ҳастанд; [зеро дар биҳишт ҷовидонанд] ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
212. Барои кофироне, ки ваҳдонияти Аллоҳро инкор намуданд, зиндагии инҷаҳонӣ ва он чи ки дар он аз шаҳват ва лаззатҳо ҳаст, дар чашм
ва дилҳояшон зиннат дода шудааст ва мӯъминонро масхара мекунанд. Онон, ки аз Аллоҳ метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Аллоҳ мӯъминонро ба олитарин дараҷаҳои ҷаннат дохил мекунад ва кофиронро ба пасттарин табақаҳои дӯзах фуруд меорад. Ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/95

الترجمة الطاجيكية
زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ
Барои кофирон зиндагии инҷаҳонӣ ороста шудааст ва мӯъминонро ба масхара мегиранд. Онон, ки аз Худо метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!
Tajik - Tajik translation