[Эй муъминон] Ҷиҳод [дар роҳи Аллоҳ таоло] бар шумо воҷиб шудааст, дар ҳоле ки барои шумо нохушоянд аст [зеро харҷи молӣ ва ҷонӣ дорад]. Чи басо чизеро хуш надошта бошед, ҳол он ки бароятон беҳтар аст ва чи басо чизеро дӯст дошта бошед, ҳол он ки бароятон бад аст; ва Аллоҳ таоло [хайру шарри корҳоро] медонад ва шумо намедонед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
216. Аллоҳ бар шумо эй мӯъминон ҷанг бо куффорро фарз гардонд. Вале ҷанг дар табиати шумо нописандида аст; (аз сабаби машаққат ва бисёр хатарнок буданаш)(1).
Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад чӣ беҳтар аст барои шумо ва ҳол он ки шумо онро намедонед!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/96
Ва шояд ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад; ва шояд ки шумо чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад чӣ беҳтар аст барои шумо ва ҳол он ки шумо онро намедонед!
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/96
الترجمة الطاجيكية
كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡقِتَالُ وَهُوَ كُرۡهٞ لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡـٔٗا وَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّواْ شَيۡـٔٗا وَهُوَ شَرّٞ لَّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Ҷанг бар шумо муқаррар шуд, дар ҳоле ки онро нохуш доред. Шояд чизеро нохуш бидоред ва дар он хайри шумо бошад ва шояд чизеро дӯст дошта бошед ва бароятон нописанд афтад. Худо медонад ва шумо намедонед!
Tajik - Tajik translation