Занони талоқшуда [пеш аз издивоҷи муҷаддад] бояд ба муддати се бор покӣ [дидани се бор одати моҳона] интизор бикашанд; ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд, бар онон раво нест, ки он чиро Аллоҳ таоло дар раҳимҳояшон офаридааст, китмон кунанд; ва агар шавҳаронашон хоҳони оштӣ ҳастанд, барои бозгардондани онон [ба зиндагии заношӯӣ] дар ин [муддат аз дигарон] сазовортаранд; ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
228. Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан, аз шавҳар кардан бозистанд. Зеро бидонанд, ки дар раҳми ӯ фарзанде нест. Барои зан раво нест, ки дар ин муддат ба шавҳар барояд, то замоне, ки идда(1) ба поён нарасад. Ва агар ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Аллоҳ дар раҳми онон офаридааст, ё дар ҳолати ҳайз ҳастанд, пинҳон доранд. Ва шавҳаронашон агар қасди ислоҳ доранд, ба бозгардондани онҳо дар ин муддат сазовортаранд.
Ва барои занон ҳаққест (2) ва ҳамчунон ки мардон бар занон ҳаққе доранд, ки бояд ба таври шоиста адо намоянд. Ва мардон бар занон дараҷаи бартарӣ доранд аз сӯҳбати нек, зиндагии хуб, сарварӣ дар хона ва соҳиби талоқ ҳастанд. Аллоҳи бузург дорои иззату қаҳр аст ва ҳаким аст, ҳар чизеро дар ҷои муносиби худ мегузорад.
____________________
1. Яъне, се моҳ интизори мекашад, то аз се ҳайз пок шавад. 2. Яъне, мардон бояд адо бикунанд ба монанди нафақа, пӯшок, муъошират, хона. Тафсири Саъдӣ 1 \ 101

الترجمة الطاجيكية
وَٱلۡمُطَلَّقَٰتُ يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَٰثَةَ قُرُوٓءٖۚ وَلَا يَحِلُّ لَهُنَّ أَن يَكۡتُمۡنَ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ فِيٓ أَرۡحَامِهِنَّ إِن كُنَّ يُؤۡمِنَّ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ وَبُعُولَتُهُنَّ أَحَقُّ بِرَدِّهِنَّ فِي ذَٰلِكَ إِنۡ أَرَادُوٓاْ إِصۡلَٰحٗاۚ وَلَهُنَّ مِثۡلُ ٱلَّذِي عَلَيۡهِنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ وَلِلرِّجَالِ عَلَيۡهِنَّ دَرَجَةٞۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар айёми агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation