Талоқ [-и раҷъӣ] ду бор аст; пас, [аз он мард ё бояд ҳамсарашро] ба тарзи шоиста нигоҳ дорад, ё ба некӣ раҳо кунад; ва [эй мардони мусулмон] бароятон ҳалол нест, ки [заррае] аз он чиро ба онон додаед [маҳрия ва монанди он] пас бигиред, магар он ки [зану шавҳар] битарсанд, ки натавонанд [ҳуқуқи заношӯиву] ҳудуди илоҳиро барпо доранд; пас, [ҳалли ихтилофро ба хешовандон ё дӯстони худ месупоранд; ва шумо эй муъминон] агар тарсидед, ки [мумкин аст завҷайн] ҳудуди илоҳиро барпо надоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки зан [барои розӣ кардани мард ба талоқ маҳрияашро бибахшад ё ба ӯ] фидяе бипардозад [ва талоқи хулъ бигирад]. Инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст; пас, аз онҳо таҷовуз накунед; ва ҳар ки аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, пас чунин одамон, бешак, ситамгоронанд.
الترجمة الطاجيكية - عارفي
229. Талоқ ду бор аст. (1) Аллоҳ ҳукм мекунад, пас аз ҳар талоқ, метавонад мард занро ба зиндагии хуби заношуӣ бозгардонад, ё ба некӣ раҳо кунад. Ва эй шавҳарон, барои шумо ҳалол нест, ки аз он чи барояшон додаед, (аз маҳр) боз пас бигиред, магар ин ки ду тараф битарсанд, ки натавонанд ҳудуди Аллоҳро бар по доранд. Дар ин ҳолат амрашонро ба сарпарастони худ пешкаш менамоянд. Пас агар сарпарастон тарсиданд, ки он ду натавонанд ҳудуди Аллоҳро барпо доранд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан дар муқобили талаби талоқаш фидя ва ивазе бипардозад. Ин ҳудуди Илоҳӣ аст, ки ҷудо мекунад байни ҳалолу ҳаром. Пас аз он таҷовуз накунед ва касе аз ҳудуди Илоҳӣ таҷовуз кунад, пас онҳо ситамкоранд.
____________________
1. Яъне талоқест, ки мард метавонад бо зани худ дубора зиндагӣ кунад. (Барои донистани ин масъала ба китобҳои фиқҳ назар кунед!) Тафсири Саъдӣ 1\ 102
____________________
1. Яъне талоқест, ки мард метавонад бо зани худ дубора зиндагӣ кунад. (Барои донистани ин масъала ба китобҳои фиқҳ назар кунед!) Тафсири Саъдӣ 1\ 102
الترجمة الطاجيكية
ٱلطَّلَٰقُ مَرَّتَانِۖ فَإِمۡسَاكُۢ بِمَعۡرُوفٍ أَوۡ تَسۡرِيحُۢ بِإِحۡسَٰنٖۗ وَلَا يَحِلُّ لَكُمۡ أَن تَأۡخُذُواْ مِمَّآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ شَيۡـًٔا إِلَّآ أَن يَخَافَآ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِۖ فَإِنۡ خِفۡتُمۡ أَلَّا يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَا فِيمَا ٱفۡتَدَتۡ بِهِۦۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَعۡتَدُوهَاۚ وَمَن يَتَعَدَّ حُدُودَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ
Ин талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд.
Tajik - Tajik translation