Агар [шавҳар барои бори савум] ӯро талоқ дод, пас аз он [зан] барояш ҳалол нест; магар ин ки [бо қасди издивоҷи ҳақиқӣ ва на барои ҳалол шудан] бо шавҳари ғайр аз ӯ издивоҷ кунад [ва бо вай ҳамбистар шавад. Дар ин сурат] Агар [шавҳари баъдӣ фавт кард ё] ӯро талоқ дод, агар [ду ҳамсари собиқ] мепиндоранд, ки ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳро барпо медоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки [бо издивоҷи муҷаддад] ба якдигар бозгарданд. Инҳо ҳудуди Аллоҳ таоло аст, ки онҳоро барои мардуме, ки огоҳанд [ва ба ислом имон доранд], баён мекунад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
230. Пас агар боз занро талоқ дод, (яъне талоқи сеюм) дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марди дигаре дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад ва на ба нияти ҳалол кардани зан барои шавҳари аввалааш), ва ҳар гоҳ он марди дигар занро талоқ диҳад, ё шавҳари зан бимирад ва иддааш ба охир расад, пас бар ӯ гуноҳе нест, ки бар шавҳари аввалааш ба никоҳи нав бозгардад, агар медонанд, ки ҳудуди Аллоҳро риоят мекунанд, бозгашташонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Аллоҳ ҳастанд ва онҳоро барои мардуме, ки аҳком ва ҳудуди Ӯро медонанд, баён медорад.
الترجمة الطاجيكية
فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا تَحِلُّ لَهُۥ مِنۢ بَعۡدُ حَتَّىٰ تَنكِحَ زَوۡجًا غَيۡرَهُۥۗ فَإِن طَلَّقَهَا فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَآ أَن يَتَرَاجَعَآ إِن ظَنَّآ أَن يُقِيمَا حُدُودَ ٱللَّهِۗ وَتِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ يُبَيِّنُهَا لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ
Пас агар боз занро талоқ, дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоят мекунанд руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуме доно баён мекунад.
Tajik - Tajik translation