Ва модарон [бояд] фарзандони худро ду соли тамом шир диҳанд. [Ин дастур] Барои касест, ки бихоҳад даврони ширхораги [-и фарзандаш]-ро такмил кунад; ва бар соҳиби фарзанд [падар] лозим аст хӯроку пӯшоки онон [модарон]-ро [дар муддати шир додан] ба таври шоиста [фароҳам кунад]. Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф намешавад; на модар бояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва на падар ба сабаби фарзандаш. [Агар падари кӯдак фавт карда буд ва моле ҳам надошт] Монанди ҳамин [тааҳҳудоти падар] бар ворис [низ] лозим аст; пас, агар он ду [падару модар] бо ризояту машварати якдигар бихоҳанд [кӯдакро зудтар] аз шир бозгиранд, гуноҳе бар онҳо нест; ва агар хостед, ки барои фарзандатон дояе бигиред, гуноҳе бар шумо нест; ба шарте ки он чи [аз ҳуқуқу дастмузд] муқаррар кардаед, ба таври шоиста бипардозед; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед биност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
233. Модарон бояд фарзандони худро ду соли комил шир диҳанд, ин барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро комил кунад. Ва бар касе, ки фарзанд барои ӯ таваллуд шудааст, (падар) лозим аст хӯрок ва пӯшоки модаронро ба таври шоиста (яъне тибқи шариъат ва урфият) фароҳам кунад, зеро Аллоҳ ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ вазифадор намекунад. Ҳеҷ модар набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва ҳеҷ падаре низ набояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад. Ва бар вориси фарзанд чунин чиз (нафақа) лозим аст. Ва агар падар ва модар бо ризоят ва машварати ҳамдигар хостанд фарзандро аз шир ҷудо кунанд, гуноҳе бар онҳо нест ва агар хостед дояи ширдиҳие барои фарзандони худ бигиред, гуноҳе бар шумо нест, ба шарте, ин ки он чиро ки аҳд кардед, пардохт кунед ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ ба он чи мекунед, доност.
الترجمة الطاجيكية
۞وَٱلۡوَٰلِدَٰتُ يُرۡضِعۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ حَوۡلَيۡنِ كَامِلَيۡنِۖ لِمَنۡ أَرَادَ أَن يُتِمَّ ٱلرَّضَاعَةَۚ وَعَلَى ٱلۡمَوۡلُودِ لَهُۥ رِزۡقُهُنَّ وَكِسۡوَتُهُنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ لَا تُكَلَّفُ نَفۡسٌ إِلَّا وُسۡعَهَاۚ لَا تُضَآرَّ وَٰلِدَةُۢ بِوَلَدِهَا وَلَا مَوۡلُودٞ لَّهُۥ بِوَلَدِهِۦۚ وَعَلَى ٱلۡوَارِثِ مِثۡلُ ذَٰلِكَۗ فَإِنۡ أَرَادَا فِصَالًا عَن تَرَاضٖ مِّنۡهُمَا وَتَشَاوُرٖ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَاۗ وَإِنۡ أَرَدتُّمۡ أَن تَسۡتَرۡضِعُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُمۡ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ إِذَا سَلَّمۡتُم مَّآ ءَاتَيۡتُم بِٱلۡمَعۡرُوفِۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ
Модароне, ки мехоҳанд шир доданро ба фарзандони худ комил созанд, ду соли тамом ширашон бидиҳанд. Хӯроку либоси онон ба ваҷҳе некӯ бар ӯҳдаи соҳиби фарзанд аст ва ҳеҷ кас беш аз қудраташ таклиф намешавад. Набояд ҳеҷ модаре ба хотири фарзандаш зиёне бубинад ва ҳеҷ падаре ба хотири фарзандаш. Ва вориси падар низ чунин бар ӯҳда дорад. Ва агар падару модар бихоҳанд, бо ризоят ва машварати якдигар фарзандашонро аз шир бозгиранд, муртакиби гуноҳе нашудаанд. Ва ҳар гоҳ бихоҳед касе дигарро ба шир додани фарзандатон гиред, агар музде некӯ бипардозед, гуноҳе нест. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Ӯ ба коре, ки мекунед, биност!
Tajik - Tajik translation