Ва афроде аз шумо, ки мемиранд ва ҳамсарон [-и ғайри бордор аз худ] боқӣ мегузоранд, [он занон барои издивоҷи муҷаддад] бояд чаҳор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд [ва идда нигаҳ доранд] ва ҳангоме ки муддати иддаи худро ба поён расониданд, дар мавриди он чи онон ба таври шоиста [ва машруъ] дар бораи [зиндагии] худ анҷом диҳанд, гуноҳе бар шумо [сарпарастон] нест; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
234. Ва касоне аз шумо, ки бимиранд ва занонеро бар ҷой мегузоранд, бояд, ки занон чор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд ва бояд аз хонаи шавҳарашон берун наоянд ва худро зиннат надиҳанд ва ба шавҳар набароянд ва чун иддаи худро ба поён расонданд бар шумо гуноҳе нест -эй сарпарастони занҳо- дар он чи ки онҳо мувофиқи шариъат дар бораи худ анҷом диҳанд (яъне ба шавҳар баромадан).
Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/279
Ва Аллоҳ ба он чи мекунед, огоҳ аст ва бар амалҳоятон шуморо ҷазо медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/279
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ يُتَوَفَّوۡنَ مِنكُمۡ وَيَذَرُونَ أَزۡوَٰجٗا يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ أَرۡبَعَةَ أَشۡهُرٖ وَعَشۡرٗاۖ فَإِذَا بَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِيمَا فَعَلۡنَ فِيٓ أَنفُسِهِنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ
Касоне, ки аз шумо бимиранд ва заноне бар ҷой гузоранд, он занон бояд,, ки чаҳор моҳу даҳ рӯз интизор кашанд; ва чун муддаташон тамом шуд, агар дар бораи хеш коре шоиста кунанд, бар шумо гуноҳе нест, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!
Tajik - Tajik translation