Пас, шайтон муҷиби лағжиш [ва сарпечии] он ду шуд. Сипас Аллоҳ таоло онҳоро аз он чи дар он буданд [биҳишт] берун кард ва [ба он ду ва шайтон] гуфтем: "Ҳамагӣ [ба замин] фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд ва бароятон дар замин то муддати муайян қароргоҳ ва василаи баҳрабардорӣ вуҷуд хоҳад дошт"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
36. Пас шайтон ҳардуро ба хатогӣ андохт - яъне, аз васвасаи шайтон фирефта шуда, аз он дарахти манъшуда бихурданд - ва он ду нафар (Одам ва Ҳавво (алайҳима-с-салом)-ро аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Фуруд оед, баъзе аз шумо душмани баъзеи дигар хоҳед буд (яъне Одам, Ҳаво ва шайтон) (1) Ба қароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад ва барои шумо дар замин то муддате оромгоҳ ва баҳрамандӣ аст».
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1/535
____________________
1. Тафсири Табарӣ 1/535
الترجمة الطاجيكية
فَأَزَلَّهُمَا ٱلشَّيۡطَٰنُ عَنۡهَا فَأَخۡرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِۖ وَقُلۡنَا ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ
Пас шайтон он дуро ба хато водошт ва аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Поин равед, баъзе душмани баъзеи дигар, ва кароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад».
Tajik - Tajik translation