Пас гуфтем: "Порае аз [бадани] говро ба мақтул бизанед [то зинда шавад ва қотили хешро муаррифӣ кунад]. Аллоҳ таоло мурдагонро ҳамин гуна зинда мекунад ва нишонаҳои [ошкори қудрати] хешро ба шумо нишон медиҳад, бошад, ки бияндешед"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
73. Сипас гуфтем: «Порае аз он гови кушташуда бар он одами кушташуда бизанед. Аллоҳ ӯро зинда мегардонад ва аз кушандаи худ шуморо хабар медиҳад. Пас бо порае аз он гов мурдаро заданд ва Аллоҳ ӯро зинда гардонд ва ӯ кушандаи худро хабар дод. Аллоҳ мурдагонро инчунин рӯзи қиёмат зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо, эй бани Исроил, намоён мекунад, то ки ба ақли худ дарк кунед ва аз нофармонии Ӯ бозистед!».
الترجمة الطاجيكية
فَقُلۡنَا ٱضۡرِبُوهُ بِبَعۡضِهَاۚ كَذَٰلِكَ يُحۡيِ ٱللَّهُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
Сипас гуфтем: «Порае аз онро бар он кушта бизанед. Худо мурдагонро инчунин зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо менамоёнад, бошад, ки ба ақл дарёбед!».
Tajik - Tajik translation