Пас аз он [бо вуҷуди ин муъҷизаи бузург] дилҳои шумо сахт шуд, ҳамчун санг, ё сахттар, зеро [ҳоли дилҳоятон ҳаргиз тағйир намекунад, аммо сангҳо дучори тағйиру таҳаввул мешаванд, чунон ки] бархе аз сангҳо мешикофанд ва аз онҳо ҷӯйборҳое ҷорӣ мешаванд ва бархе мешикофанду [чашмаҳои] об аз онҳо меҷӯшад ва бархе аз тарси Аллоҳ таоло [аз фарози кӯҳҳо] фурӯ меафтанд. Ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест
الترجمة الطاجيكية - عارفي
74. Лекин шуморо ин манфиат набахшид, балки баъд аз дидани чунин мӯъҷизаҳо дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг гардид, зеро ки аз баъзе сангҳо гоҳо ҷуйҳо равон мешаванд ва чун баъзеи дигар шикофта шавад, об аз он берун ояд ва гоҳ санг аз тарси Аллоҳ аз боло ба нишеб фурӯ афтад ва Аллоҳ аз он чизе, ки мекунед, ғофил нест!
الترجمة الطاجيكية
ثُمَّ قَسَتۡ قُلُوبُكُم مِّنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ فَهِيَ كَٱلۡحِجَارَةِ أَوۡ أَشَدُّ قَسۡوَةٗۚ وَإِنَّ مِنَ ٱلۡحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنۡهُ ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ وَإِنَّ مِنۡهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخۡرُجُ مِنۡهُ ٱلۡمَآءُۚ وَإِنَّ مِنۡهَا لَمَا يَهۡبِطُ مِنۡ خَشۡيَةِ ٱللَّهِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
Tajik - Tajik translation