Пас аз он, ҳамин шумо ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз сарзаминашон берун мекунед ва ба гуноҳу ситам алайҳи онон ба якдигар кумак мекунед ва агар [баъзе аз онон дар ҷанг бо ҳампаймонони араби шумо гирифтор шаванд ва ба сурати] асир наздатон биёянд [бо он ки ҳамдини шумо ҳастанд, дар баробари озодиашон] фидя мегиред, ҳол он ки ихроҷи онон [аз ҳамон оғоз] бар шумо ҳаром буд. Оё ба бахше аз [дастуроти] китоб [-и осмонӣ дар мавриди фидя гирифтан] имон меоваред ва ба бахше [ки шуморо дар бораи ҳамдинонатон супориш мекунад] кофир мешавед? Пас, ҷазои ҳар касе аз шумо, ки чунин кунад, ҷуз расвоӣ ва хорӣ дар ин ҷаҳон нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ба шадидтарин азоб гирифтор мешаванд; ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест
الترجمة الطاجيكية - عارفي
85. Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва аз қавми худ гурӯҳеро аз диёрашон берун мекунед; (барои ситам кардан) ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва душманӣ ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар асир шуда ба назди шумо биёянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Чӣ бад аст афъоли шумо, ки ба баъзе аз аҳкоми Таврот имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед! Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарз шиканҷа мешавад ва Аллоҳ аз он чи ки анҷом медиҳед, ғофил нест!
الترجمة الطاجيكية
ثُمَّ أَنتُمۡ هَـٰٓؤُلَآءِ تَقۡتُلُونَ أَنفُسَكُمۡ وَتُخۡرِجُونَ فَرِيقٗا مِّنكُم مِّن دِيَٰرِهِمۡ تَظَٰهَرُونَ عَلَيۡهِم بِٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِ وَإِن يَأۡتُوكُمۡ أُسَٰرَىٰ تُفَٰدُوهُمۡ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيۡكُمۡ إِخۡرَاجُهُمۡۚ أَفَتُؤۡمِنُونَ بِبَعۡضِ ٱلۡكِتَٰبِ وَتَكۡفُرُونَ بِبَعۡضٖۚ فَمَا جَزَآءُ مَن يَفۡعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ إِلَّا خِزۡيٞ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلۡعَذَابِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
Tajik - Tajik translation