Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст, имон биёваред", мегӯянд: "Мо ба чизе имон меоварем, ки бар худи мо нозил шудааст" ва ба ғайри он кофир мешаванд, дар ҳоле ки он [Қуръон сухани] ҳақ ва тасдиқкунандаи матолибе аст, ки бо худ доранд. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [рост мегӯед ва] муъминед, пас, чаро паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед"?!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
91. Ва чун баъзе мусалмонон ба яҳудиён гуфтанд; ки ба он чи Аллоҳ нозил кардааст, имон биёваред, мегуянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он (Таврот) ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад
ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд.
Агар онҳо ба Таврот ҳаққонӣ имон меоварданд, ҳароина Қуръонро тасдиқ менамуданд. Эй Муҳаммад, барояшон бигу: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед?».
ва китобашонро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд.
Агар онҳо ба Таврот ҳаққонӣ имон меоварданд, ҳароина Қуръонро тасдиқ менамуданд. Эй Муҳаммад, барояшон бигу: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Аллоҳро пеш аз ин мекуштед?».
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ ءَامِنُواْ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُواْ نُؤۡمِنُ بِمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَيَكۡفُرُونَ بِمَا وَرَآءَهُۥ وَهُوَ ٱلۡحَقُّ مُصَدِّقٗا لِّمَا مَعَهُمۡۗ قُلۡ فَلِمَ تَقۡتُلُونَ أَنۢبِيَآءَ ٱللَّهِ مِن قَبۡلُ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?».
Tajik - Tajik translation