Ва чун [мушрикон] кори зиште анҷом медиҳанд, мегӯянд: «Мо ниёгони худро бар ин [кор] ёфтаем ва Аллоҳ таоло моро ба [анҷоми] он фармон додаст». Бигӯ: «Аллоҳ таоло ҳаргиз ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Оё суханеро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед?»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
28. Чун куффор кори зиште кунанд, (1) гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ (эй Паёмбар): «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?»
____________________
1. Яке аз корҳои зишташон ин буд, ки онон хонаи Каъбаро тани бараҳна тавоф мекарданд. Тафсири Табарӣ 12/378
____________________
1. Яке аз корҳои зишташон ин буд, ки онон хонаи Каъбаро тани бараҳна тавоф мекарданд. Тафсири Табарӣ 12/378
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةٗ قَالُواْ وَجَدۡنَا عَلَيۡهَآ ءَابَآءَنَا وَٱللَّهُ أَمَرَنَا بِهَاۗ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Чун кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «Худо ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки намедонед?»
Tajik - Tajik translation