Оё онон [кофирон] ҷуз таъвили оёт [ва фаро расидани қиёмат] интизори [дигаре] доранд? Рӯзе, ки таъвилаш [қиёмат] фаро расад, касоне, ки онро пештар фаромӯш карда буданд, мегӯянд: «Яқинан, фиристодагони Парвардигорамон ба ҳақ омада буданд.Пас, оё [имрӯз] шафоатгароне дорем, ки шафоатамон кунанд ё [метавонем ба дунё] бозгардем, то корҳое ғайр аз ончи мекардем, анҷом диҳем»? Бе тардид, [онон] ба худ зиён заданд ва ончиро ба дурӯғ [маъбуди худ] месохтанд, [ҳама] маҳву нобуд шуд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
53. Оё кофирон ҷуз далели сидқи ин ваъдаро (яъне, ваъдаҳое, ки дар Қуръон дода шуда буданд), интизорӣ доранд? Рӯзе, ки далели сидқаш падидор шавад, кофироне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: « Ҳамоно паёмбарони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Пас оё шафоъаткунандагоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё бозгардонида шавем ба сӯи дунё, пас амал кунем ғайри он чи мекардем?» Ҳамоно ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
الترجمة الطاجيكية
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا تَأۡوِيلَهُۥۚ يَوۡمَ يَأۡتِي تَأۡوِيلُهُۥ يَقُولُ ٱلَّذِينَ نَسُوهُ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَآءَتۡ رُسُلُ رَبِّنَا بِٱلۡحَقِّ فَهَل لَّنَا مِن شُفَعَآءَ فَيَشۡفَعُواْ لَنَآ أَوۡ نُرَدُّ فَنَعۡمَلَ غَيۡرَ ٱلَّذِي كُنَّا نَعۡمَلُۚ قَدۡ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.
Tajik - Tajik translation