Онон, ки [аз аҳли китоб ва мушрикон ҳастанд ва аз оини илоҳи чизе] намедонанд гуфтанд: "Чаро Аллоҳ таоло бо мо сухан намегӯяд? Ё [чаро] муъҷиза ва нишонае барои мо намеояд"? Касоне, ки пеш аз эшон буданд, ҳамин гуна сухан мегуфтанд. [Афкор ва] Дилҳояшон ҳаммонанди якдигар аст. Бе тардид мо нишонаҳо [–и яктоӣ ва қудрати хеш]–ро барои гурӯҳе, ки яқин доранд, ошкор ва равшан сохтаем
الترجمة الطاجيكية - عارفي
118. Нодонони ахли китоб ва ғайри онҳо (аз рӯи кибрашон ба Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам)(1) гуфтанд: «Чаро Аллоҳ бо мо сухан намегӯяд, ки ту ҳақиқатан фиристодаи Ӯ ҳастӣ? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд, ки бар сидқи паёмбарии ту далолат кунад?» Касоне, ки пеш аз онҳо буданд, низ саркашона чунин суханоне мегуфтанд. Ба сабабе, ки дилҳояшон ҳамонанди якдигар аст. Ҳамоно Мо барои гурӯҳе, ки ба Аллоҳ имони ҳақиқӣ ки доранд, нишонаҳое баён кардаем.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/64
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/64
الترجمة الطاجيكية
وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ لَوۡلَا يُكَلِّمُنَا ٱللَّهُ أَوۡ تَأۡتِينَآ ءَايَةٞۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِم مِّثۡلَ قَوۡلِهِمۡۘ تَشَٰبَهَتۡ قُلُوبُهُمۡۗ قَدۡ بَيَّنَّا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يُوقِنُونَ
Нодонон гуфтанд: «Чаро Худо бо мо сухан намегӯяд? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд?» Пешиниёнашон низ чунин суханоне мегуфтанд. Дилҳошон ҳамонанди якдигар аст. Мо барои онон, ки ба яқии расидаанд, оятҳоро баён кардаем.
Tajik - Tajik translation