[Оё] Мегӯед: "Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и ӯ] яҳудӣ ё масеҳӣ буданд [дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил пас аз ин паёмбарон нозил шудааст]"? Бигӯ: "Шумо донотаред ё Аллоҳ таоло"? Ва кист ситамгортар аз он, ки шаҳодатеро, ки аз [ҷониби] Аллоҳ таоло [дар китобҳои осмонӣ дар бораи ин паёмбарон омада ва] назди Ӯст, китмон мекунад? Ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест
الترجمة الطاجيكية - عارفي
140. Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони ӯ (1) бар дини яҳудӣ ё насронӣ буданд?
(Ин дурӯғи маҳз аст, зеро ки онҳо қабл аз нузули Таврот ва Инҷил ба паёмбарй мабъус шуда буданд ва аз дунё гузашта буданд).
Эй Паёмбар, барояшон бигӯ: «Оё шумо донотаред аз дини онҳо ё Аллоҳ? Ба дурустӣ, ки дар Қуръон хабар дода шуда буд, ки онҳо мусалмонони пок аз ширк буданд. Кист ситамгартар аз касе, ки гувоҳиеро, ки аз ҷониби Аллоҳ наздаш аст, бипӯшад!? Ва Аллоҳ аз он чи ки мекунед, бехабар нест, балки ҳисобгиранда ва ҷазодиҳандаи амалҳост.
____________________
1. Онҳо 12 кас аз фарзандони Яъқуб аз қабилаҳои банӣ Исроил. Тафсири Ибни Касир 2 \ 70

الترجمة الطاجيكية
أَمۡ تَقُولُونَ إِنَّ إِبۡرَٰهِـۧمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطَ كَانُواْ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰۗ قُلۡ ءَأَنتُمۡ أَعۡلَمُ أَمِ ٱللَّهُۗ وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ
Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо яҳудӣ ё насронӣ буданд? Бигӯ: «Оё шумо огоҳтаред ё Худо? Ситамкортар аз касе, ки гувоҳии худро аз Худо пинҳон мекунад, кист? Ва Худованд аз корҳое, ки мекунед, ғофил нест».
Tajik - Tajik translation