Ҳамон гуна [ки қиблаи шумо як қиблаи миёна аст] шуморо низ уммати миёна [ва аҳли эътидол] қарор додем то [дар рӯзи қиёмат] бар мардум гувоҳ бошед [ки паёмбарони илоҳӣ паёмашонро ба дурустӣ расонидаанд] ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад [ки каломи Аллоҳро ба шумо расонидааст] ва мо қиблаеро, ки бештар бар он будӣ [Байт-ул-муқаддас], қарор надодем, магар барои ин ки касеро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунад, аз касе, ки ба ақиб бозмегардад [ва аз итоати Аллоҳ таоло ва расулаш рӯйгардон мешавад], бозшиносем. Мусалламан ин [ҳукм] ҷуз бар касоне, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда бошад, сангину душвор аст. Аллоҳ таоло ҳаргиз имон [ва намоз]-и шуморо зоеъ намегардонад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба мардум дилсӯзу меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
143. Ва ҳамчунин шуморо ба роҳи рост роҳ намудем ва шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то ба мардум дар охират гувоҳ бошед ва низ паёмбар бар шумо гувоҳ бошад, ки ӯ рисолати Парвардигорашро ба мардум расонид. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба сӯи он (1) мекардӣ, дигаргун накардем, магар ба он сабаб, ки ононро, ки ба паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ва касоне, ки имонашон заиф буд аз сабаби шак ва нифоқашон аз динашон бедин шуданд. Ба дурустӣ, ки гардонидани қибла аз Байтулмуқаддас ба сӯи Каъба душвор аст, магар бар касоне, ки Аллоҳ ба онҳо ҳидоят ва имону тақво арзонӣ намудааст. Аллоҳ имон ва намозатонро табоҳ намекунад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба мардум меҳрубон ва бахшоянда аст! (2)
____________________
1.Байтулмуқаддас 2. Тафсири Бағавӣ 1/160
____________________
1.Байтулмуқаддас 2. Тафсири Бағавӣ 1/160
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَٰكُمۡ أُمَّةٗ وَسَطٗا لِّتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِ وَيَكُونَ ٱلرَّسُولُ عَلَيۡكُمۡ شَهِيدٗاۗ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلۡقِبۡلَةَ ٱلَّتِي كُنتَ عَلَيۡهَآ إِلَّا لِنَعۡلَمَ مَن يَتَّبِعُ ٱلرَّسُولَ مِمَّن يَنقَلِبُ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِۚ وَإِن كَانَتۡ لَكَبِيرَةً إِلَّا عَلَى ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُضِيعَ إِيمَٰنَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ
Оре чуни наст, ки шуморо беҳтарини умматҳо гардонидем, то бар мардумон гувоҳ бошед ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад. Ва он қиблаеро, ки рӯ ба рӯи он меистодӣ, дигаргун накардем, ҷуз ба он сабаб, ки ононро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунанд, аз онон, ки пайравӣ намекунанд, бозшиносем. Ҳарчанд, ки ин амр бар ғайри ҳидоятёфтагон душвор менамуд. Худо имони шуморо табоҳ намекунад. Ӯ бар мардумон меҳрубон ва бахшоянда аст!
Tajik - Tajik translation