Агар барои онон, ки китоби [осмонӣ] ба эшон дода шудааст, ҳар нишона [ва далеле барои ҳаққонияти тағйири қибла] биёварӣ, [боз ҳам] аз қиблаи ту пайравӣ намекунанд ва ту [низ] аз қиблаи онон пайравӣ нахоҳӣ кард ва бархе аз онон низ аз қиблаи бархе дигар пайравӣ намекунанд ва агар пас аз он ки илму дониш ба ту расидааст, аз хостаҳои [нафсонии] онон [дар мавриди қибла ва дигар аҳком] пайравӣ кунӣ, дар ин сурат мусалламан аз ситамгорон хоҳӣ буд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
145. Эй Расул, барои онон ки Таврот ва Инҷил дода шуд, ҳар далелу нишонае, ки биёварӣ, ки гардонидани қибла ба сӯи Каъба ҳақ аст, ҳаргиз қиблаи туро пайравӣ нахоҳанд кард ва нестӣ ту пайравикунанда қиблаи онҳоро; ва баъзеи онҳо қиблаи баъзеи дигарро пайравикунанда нестанд.
Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/72
Ва агар ту, баъди он чи ки аз дониш ба ту омадааст, ба хоҳишҳои нафсонии онҳо пайравӣ кунӣ, он гоҳ ҳамоно аз ситамгарон бошӣ. (Ин оят хитоб барои ҷамиъи уммат аст. Ва он таҳдид ва ваъидест ба ҳар шахсе ки хоҳишҳои зидди шариъати исломро пайравӣ мекунад.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/72
الترجمة الطاجيكية
وَلَئِنۡ أَتَيۡتَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ بِكُلِّ ءَايَةٖ مَّا تَبِعُواْ قِبۡلَتَكَۚ وَمَآ أَنتَ بِتَابِعٖ قِبۡلَتَهُمۡۚ وَمَا بَعۡضُهُم بِتَابِعٖ قِبۡلَةَ بَعۡضٖۚ وَلَئِنِ ٱتَّبَعۡتَ أَهۡوَآءَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ إِنَّكَ إِذٗا لَّمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ
Барои аҳли китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёвари, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайравӣ қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ паи хоҳишҳои эшон биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.
Tajik - Tajik translation