"Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ таоло аст. Пас, ҳар ки ҳаҷҷи хона [-и Каъба] ё умра ба ҷой меоварад, бар ӯ гуноҳе нест, ки тавофи [саъй] байни он дуро [низ] анҷом диҳад [ва ин кор аз рафторҳои ҷоҳилият шуморида намешавад] ва касе, ки ба майли худ кори неке анҷом диҳад, пас, [бидонад, ки] бе тардид Аллоҳ таоло сипосгузори доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
158.Сафо ва Марва(1) аз шиорҳои дини Аллоҳ ҳастанд. Пас касе, ки қасди хонаи Аллоҳ карда, ҳаҷи хонаро ба ҷой меоварад ё умра мегузорад, пас, бар вай гуноҳе нест, ки дар миёни ин ҳар ду тавоф кунад, балки тавоф кардан бар вай воҷиб аст. Ҳар кӣ ба рағбати худ амали неке анҷом диҳад, бидонад, ки Аллоҳ шукргузори доност!
____________________
1. Ду куҳи хурде ки аз тарафи шарқ, назди Каъба воқеанд.
____________________
1. Ду куҳи хурде ки аз тарафи шарқ, назди Каъба воқеанд.
الترجمة الطاجيكية
۞إِنَّ ٱلصَّفَا وَٱلۡمَرۡوَةَ مِن شَعَآئِرِ ٱللَّهِۖ فَمَنۡ حَجَّ ٱلۡبَيۡتَ أَوِ ٱعۡتَمَرَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِ أَن يَطَّوَّفَ بِهِمَاۚ وَمَن تَطَوَّعَ خَيۡرٗا فَإِنَّ ٱللَّهَ شَاكِرٌ عَلِيمٌ
Сафо ва Марва аз шиорҳои Худост. Пас касоне, ки ҳаҷи хонаро ба ҷой меоваранд ё умра мегузоранд, агар бар он ду кӯҳ тавоф кунанд, сазовори гуноҳе нашудаанд. Пас ҳар кӣ кори некеро ба рағбат анҷом диҳад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност!
Tajik - Tajik translation