Эй касоне, ки имон овардаед, дар [мавриди] куштагон [ки барқасдона ба қатл расидаанд, ҳукми] қасос бар шумо муқаррар гаштааст: Озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас, агар касе [валии дам] дар ҳаққи бародар [-и дини]-аш [қотил] бахшиш намояд, бояд [аз азобу озораш бипарҳезад ва бо ӯ] хушрафторӣ намояд ва [қотил низ бояд мутақобилан дия-хунбаҳоро] ба некӣ ба ӯ бипардозад. Ин [ҳукм] тахфифу раҳмате аст аз сӯйи Парвардигоратон. Пас, агар касе баъд аз он [гузашту қабули дия] таҷовуз кунад, азоби дарднок [дар интизор] дорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
178. Эй касоне, ки имон овардаед, (дар бораи куштагоне, ки қасдан кушта шудаанд)(1) бар шумо қасос муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан.
Пас ҳар кас, ки аз ҷониби бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз паи адои хунбаҳо (2) равад ва онро ба тарзе некӯ бетаъхиру нуқсон ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳмест аз ҷониби Парвардигоратон. Пас касе, ки баъди авф карданаш ва ҳунбаҳоро гирифтанаш, қотилро кушад, барои ӯ азоби дардовар ва оташест дар охират.
____________________
1. Тафсири ибни Касир 1/489 2. Моли муайяне ки аз тарафи кушанда дода мешавад

الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡقِصَاصُ فِي ٱلۡقَتۡلَىۖ ٱلۡحُرُّ بِٱلۡحُرِّ وَٱلۡعَبۡدُ بِٱلۡعَبۡدِ وَٱلۡأُنثَىٰ بِٱلۡأُنثَىٰۚ فَمَنۡ عُفِيَ لَهُۥ مِنۡ أَخِيهِ شَيۡءٞ فَٱتِّبَاعُۢ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَأَدَآءٌ إِلَيۡهِ بِإِحۡسَٰنٖۗ ذَٰلِكَ تَخۡفِيفٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَرَحۡمَةٞۗ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, дар бораи куштагон бар шумо қасос муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва банда дар баробари банда ва зан дар баробари зан. Пас ҳар кас, ки аз ҷониби бародари худ афв гардад, бояд, ки бо хушнудӣ аз паи адои хунбаҳо равад ва онро ба тарзе некӯ ба ӯ пардозад. Ин ҳукм сабукиву раҳмест аз ҷониби Парвардигоратон ва ҳар кӣ аз он рӯй гардонад, насиби ӯ азобест дардовар!
Tajik - Tajik translation