Пас, ҳар ки он [васият]-ро пас аз шуниданаш тағйир диҳад, гуноҳаш танҳо бар [уҳдаи] касонест, ки онро тағйир медиҳанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
181. Пас ҳар кас, ки он васияти майитро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Ҳамоно Аллоҳ мешунавад васияти шуморо ва медонад он чиро, ки махфӣ медоред дар дил; (ба майл кардан суи ҳақ ва адл ё зулму ҳалокӣ.)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/85
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/85
الترجمة الطاجيكية
فَمَنۢ بَدَّلَهُۥ بَعۡدَ مَا سَمِعَهُۥ فَإِنَّمَآ إِثۡمُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!
Tajik - Tajik translation