[Ин] Моҳи ҳаром [соли ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки имкони умра гузоридан ёфтед] дар баробари моҳи ҳаром [-и соли гузашта] аст [ки мушрикон шуморо аз адои ҳаҷ боздошта буданд] ва [таҷовузи] ҳурматҳо [-и сарзамину моҳи ҳаром] қасос дорад; пас, ҳар ки ситам кард, ба ҳамон гуна ки бар шумо ситам кардааст, бар ӯ ситам раво доред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезкорон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
194. Ҷангидани шумо, эй мӯъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст(1), ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ӯ қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ӯ ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!
____________________
1. Зулқаъда, Тафсири Бағавӣ 1/215
____________________
1. Зулқаъда, Тафсири Бағавӣ 1/215
الترجمة الطاجيكية
ٱلشَّهۡرُ ٱلۡحَرَامُ بِٱلشَّهۡرِ ٱلۡحَرَامِ وَٱلۡحُرُمَٰتُ قِصَاصٞۚ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَٱعۡتَدُواْ عَلَيۡهِ بِمِثۡلِ مَا ٱعۡتَدَىٰ عَلَيۡكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ
Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!
Tajik - Tajik translation