Гуноҳе бар шумо нест, ки [дар айёми ҳаҷ бо хариду фурӯш] аз фазли Парвардигоратон [манфиат ва рӯзӣ] талаб кунед ва ҳангоме ки [рӯзи нуҳум пас аз вуқуф] аз Арафот кӯч кардед, Аллоҳро дар "Машъар-ул-ҳаром" ёд кунед; ва Ӯро ёд кунед, чаро ки шуморо, ки пештар аз гумроҳон будед, [ба адои маносики ҳаҷҷу дигар аъмоли ибодӣ] ҳидоят кард
الترجمة الطاجيكية - عارفي
198. Агар ба ҳангоми ҳаҷ талаб кунед рӯзиеро аз Парвардигоратон бо фоида бурдан аз савдо дар айёми ҳаҷ, гунаҳгор нашудаед ва чун баъди гуруби офтоб аз Арафот(1) бозгаштаед, Аллоҳро дар Машъарулҳаром(2) бо тасбеҳу такбир ва дуъо ёд кунед, ки шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармуд, ҳароина пеш аз ин аз он гумроҳон будед, ҳақро намедонистед. (3)
____________________
1. Маконест, ки рузи нуҳуми зулҳиҷҷа ҳоҷиён дар он ҷо меистанд 2. Муздалифа 3. Тафсири Саъдӣ 1 \ 92 ва Тафсири Бағавӣ 1 \ 228 ва ибни Касир 1 \ 549
____________________
1. Маконест, ки рузи нуҳуми зулҳиҷҷа ҳоҷиён дар он ҷо меистанд 2. Муздалифа 3. Тафсири Саъдӣ 1 \ 92 ва Тафсири Бағавӣ 1 \ 228 ва ибни Касир 1 \ 549
الترجمة الطاجيكية
لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡۚ فَإِذَآ أَفَضۡتُم مِّنۡ عَرَفَٰتٖ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ عِندَ ٱلۡمَشۡعَرِ ٱلۡحَرَامِۖ وَٱذۡكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمۡ وَإِن كُنتُم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ
Агар ба ҳангоми ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштаед, Худоро дар Машъарулҳаром ёд кунед: аз он рӯ ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будаед.
Tajik - Tajik translation