Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфта мешавад: "Аз Аллоҳ таоло битарс", худбузургбинӣ [ва ғурураш] ӯро ба [идома додан бар анҷоми] гуноҳ мекашонад; пас, [оташи] ҷаҳаннам барояш кофӣ аст ва чи бад ҷойгоҳе аст!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
206. Ва чун ба он мунофиқи фасодкор гӯянд, ки аз Аллоҳ битарс ва аз азоби Ӯ ҳазар кун, дар рӯи замин фасод макун. Насиҳатро қабул намекунад, балки ӯро кибр ва одати ҷоҳилият ба гуноҳ мебарад. Пас ҷаҳаннам ӯро басандааст; ва ҳамоно он бад ҷоест! (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/236
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/236
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا قِيلَ لَهُ ٱتَّقِ ٱللَّهَ أَخَذَتۡهُ ٱلۡعِزَّةُ بِٱلۡإِثۡمِۚ فَحَسۡبُهُۥ جَهَنَّمُۖ وَلَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ
Ва чун ба ӯ гӯянд, ки аз Худо битарс, худхоҳиаш ӯро ба гуноҳ кашонанд. Ҷаҳаннам --- он ҷойгоҳи бад ӯро бас бошад!
Tajik - Tajik translation