Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд. Пас, ҳангоме ки пок шуданд [ва ғусл карданд], аз ҳамон ҷойе, ки Аллоҳ таоло ба шумо фармон додааст, бо эшон омезиш кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло тавбакунандагонро дӯст медорад ва покизагонро [низ] дӯст медорад"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
222. Ва туро аз ҳайзи занон (1) мепурсанд. Ба онҳо бигу эй Паёмбар: ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дурӣ бигиред ва ба онҳо наздик машавед то хунашон боз истад. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Аллоҳ фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед.(2) Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки ҳамеша аз гуноҳонашон тавба мекунанд, дӯст дорад ва касонеро дӯст медорад, ки худро аз гуноҳон дур ва пок мегардонанд!
____________________
1.Ва он хунест, ки аз раҳми занон табиатан дар вақтҳои махсус равон
мешавад.
2. Яъне аз пеш на аз пушт.
____________________
1.Ва он хунест, ки аз раҳми занон табиатан дар вақтҳои махсус равон
мешавад.
2. Яъне аз пеш на аз пушт.
الترجمة الطاجيكية
وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ فَإِذَا تَطَهَّرۡنَ فَأۡتُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَكُمُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلتَّوَّـٰبِينَ وَيُحِبُّ ٱلۡمُتَطَهِّرِينَ
Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ: «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дури бигиред ва ба онҳо наздик машавед то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Албатта Худо тавбакунандагон ва покизагонро дӯст дорад!».
Tajik - Tajik translation