Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳое, ки беҳуда ва бидуни касд ёд мекунед, бозпурсӣ намекунад, вале ба хотири он чи дилҳоятон [амдан] касб кардааст [ва савгандҳои дурӯғе, ки огоҳона бар забон овардаед] бозхост мекунад ва [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
225. Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудае, ки бар забонатон меояд, ҷазо намедиҳад, балки шуморо ба он чи дилҳоятон қасд кардааст, ҷазо медиҳад. Аллоҳ омӯрзандааст он касеро, ки тавба кардааст ва пурбардор аст, зуд ба ҷазо намегирад касонеро, ки нофармонбардории Ӯ мекунанд.
الترجمة الطاجيكية
لَّا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا كَسَبَتۡ قُلُوبُكُمۡۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٞ
Худо шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост намекунад, балки ба хотири нияте, ки дар дил ниҳон медоред, бозхост мекунад. Худо омурзанда ва бурдбор аст!
Tajik - Tajik translation