Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз тоби таҳаммули як навъ ғизоро надорем, пас, Парвардигори хешро бихон, то аз рӯиданиҳои замин, аз сабзиву бодиринг ва гандуму наск ва пиёз бароямон бирӯёнад". [Мӯсо] Гуфт: "Оё чизеро, ки пасттар аст, бо чизи беҳтар ҷойгузин мекунед? Ба шаҳре фуруд оед; зеро он чи ки хостед, дар он ҷо бароятон вуҷуд дорад" ва [чунин шуд, ки муҳри] зиллату бенавоӣ бар онон зада шуд ва сазовори хашми Аллоҳ таоло гардиданд, чаро ки онон ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он буд, ки гунаҳгору мутаҷовиз буданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
61. Ва ба ёд оред, вақте ки Мо ба шумо таоме (ширин ва паррандаи иштиҳобахш)(1) фурӯд овардем, мисли одататон ношукрӣ кардед ва ба тангӣ ва малол дучор гаштед. Пас гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ, то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодиринг, гандум ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Аз бодия ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Онҳо хохиши нафси худро бар хости Аллоҳ боло донистанд. Вақте ки ба шаҳр ворид шуданд, муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Аллоҳ наздик шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд
ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/100
ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/100
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ قُلۡتُمۡ يَٰمُوسَىٰ لَن نَّصۡبِرَ عَلَىٰ طَعَامٖ وَٰحِدٖ فَٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ يُخۡرِجۡ لَنَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۢ بَقۡلِهَا وَقِثَّآئِهَا وَفُومِهَا وَعَدَسِهَا وَبَصَلِهَاۖ قَالَ أَتَسۡتَبۡدِلُونَ ٱلَّذِي هُوَ أَدۡنَىٰ بِٱلَّذِي هُوَ خَيۡرٌۚ ٱهۡبِطُواْ مِصۡرٗا فَإِنَّ لَكُم مَّا سَأَلۡتُمۡۗ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ وَٱلۡمَسۡكَنَةُ وَبَآءُو بِغَضَبٖ مِّنَ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ
Ва он гоҳро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодирингу сир ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Худо қарин шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
Tajik - Tajik translation