Ва [яке аз фиребкориҳояшон ин аст, ки] вақте бо муъминон рӯбарӯ мешаванд мегӯянд: "[Мо ҳам] имон овардаем", вале ҳангоме ки бо якдигар хилват мекунанд, мегӯянд: "Чаро матолиберо, ки [дар бораи вижагиҳои паёмбар ва ҳаққонияти ислом дар Таврот омадааст ва] Аллоҳ таоло барои шумо баён кардааст, барои мусулмонон бозгӯ мекунед, то [рӯзи қиёмат] дар пешгоҳи Парвардигоратон алайҳи [бар зидди] шумо ба он истидлол кунанд? Оё намефаҳмед"?
الترجمة الطاجيكية - عارفي
76. Инҳо, яҳудиён, чун бо мӯъминон вохуранд, бо забонашон гуянд: «Мо ҳам ба дини шумо ва расуле, ки дар Таврот башорат дода шудааст, имон овардем». Ба чун бо якдигар танҳо шаванд, гуянд: «Оё бо мӯъминон, аз донише, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ дошта (дар Таврот аз амри Муҳаммад)(1) сухан мегӯед, то ба ёрии он рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед? Яъне андеша намекунед.».
____________________
1. Тафсири бағавӣ 1/114
____________________
1. Тафсири бағавӣ 1/114
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا لَقُواْ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ قَالُوٓاْ أَتُحَدِّثُونَهُم بِمَا فَتَحَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ لِيُحَآجُّوكُم بِهِۦ عِندَ رَبِّكُمۡۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Ва чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд: «Оё бо онон аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?».
Tajik - Tajik translation