Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро, ки аз шумо паймон гирифтем [ки аз фармудаҳои илоҳӣ ва раҳнамудҳои Мӯсо пайравӣ кунед] ва [кӯҳи] Турро болои саратон барафроштем [ва гуфтем]: "Он чи [аз аҳкоми Таврот] ба шумо додаем, маҳкам бигиред ва [ба каломи Аллоҳ таоло] гӯш фаро диҳед". Гуфтанд: "[Бо гӯшҳоямон] Шунидем, [вале бо рафторамон] нофармонӣ кардем"; ва ба сабаби куфрашон бо [муҳаббати] гӯсола дар дилҳояшон ҷой гирифт. [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Агар [воқеан] муъмин ҳастед, имонатон чи фармони баде ба шумо медиҳад"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
93. Ва ба ёд оред, - эй бани Исроил, вақте ки бо шумо паймони сахт бастем, ки қабул намоед он чӣ ки Мӯсо аз Таврот овард, пас аҳдро шикастед. Ва Мо кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Ва бароятон гуфтем: Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, маҳкам бигиред ва устувор бошед ва каломи Аллоҳро бишнавед. Пас гуфтед: «Шунидем суханатро ва нофармонӣ кардем».
Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) (1) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/ 122
Зеро бар асари куфрашон парастиши гусола (яъне, муҳаббати гусола) (1) дар дилҳояшон ҷой гирифта буд. Бигу: «Агар ба он чӣ мегуед, имон дошта бошед, имонатон шуморо ба бадкорӣ амр мекунад!».
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 1/ 122
الترجمة الطاجيكية
وَإِذۡ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَكُمۡ وَرَفَعۡنَا فَوۡقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُواْ مَآ ءَاتَيۡنَٰكُم بِقُوَّةٖ وَٱسۡمَعُواْۖ قَالُواْ سَمِعۡنَا وَعَصَيۡنَا وَأُشۡرِبُواْ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡعِجۡلَ بِكُفۡرِهِمۡۚ قُلۡ بِئۡسَمَا يَأۡمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَٰنُكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ
Ва бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, ба имони устувор бигиред ва каломи Худоро бишнавед. Гуфтанд: «Шунидем ва ба кор нахоҳем баст». Бар асари куфрашон ишқи гӯсола дар дилашон ҷой гирифт. Бигӯ: «Агар ба он чӣ мегӯед, бовар доред, боваратон шуморо ба бадкорӣ вомедорад!».
Tajik - Tajik translation