[Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-иинсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ таолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
54. Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз (1) офарид. Сипас бар Арш муставӣ шуд. (2) Шабро ба рӯз мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз дар ҳаракат аст. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари (ромшудаи) фармони Ӯ ҳастанд. Инҳо аз нишонаҳои бузурги Аллоҳанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Аллоҳ, он Парвардигори ҷаҳониён, бисёр бузург аст ва аз айбу нуқсон пок аст!
____________________
1. Аз рузи якшанбе то рузи ҷумъа
2. Яъне, "Истиво" иборат аст аз баландӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати худаш Субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Яъне бар арш баланд ва муртафиъ гардид. Тафсири Саъдӣ 1/ 291 (Имом Молик раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаанд: Маънои "истиво" маълум чӣ гуна будани он номаълум, имон овардан ба он воҷиб ва суол кардан аз он бидъат аст.)
____________________
1. Аз рузи якшанбе то рузи ҷумъа
2. Яъне, "Истиво" иборат аст аз баландӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати худаш Субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Яъне бар арш баланд ва муртафиъ гардид. Тафсири Саъдӣ 1/ 291 (Имом Молик раҳматуллоҳи алайҳ гуфтаанд: Маънои "истиво" маълум чӣ гуна будани он номаълум, имон овардан ба он воҷиб ва суол кардан аз он бидъат аст.)
الترجمة الطاجيكية
إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۭ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!
Tajik - Tajik translation